39 устоду корманди ДМТ хонадор шуданд

39 нафар устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хона шуданд. Дар ин бора сомонаи ҳамин донишгоҳ навиштааст.

Бино ба навиштаи манбаъ, дар доираи иқдомҳои роҳбарияти давлат бо иштироки намояндагони сохторҳои марбута хобгоҳи №7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимова 64/7-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баъд аз таъмири умумӣ барои 39 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн баргузор мегардад, сурат гирифта, ба фарзандони онҳо низ туҳфаҳои ҷашнӣ супорида шудааст.

“Дар миёни 39 оила ба се нафар кормандони донишгоҳ, ки фарзандони маъюб доранд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ғамхории махсус зоҳир гардид. Манзилҳои истиқоматии онҳо бо баъзе таҷҳизоти муҳими рӯзгор таъмин карда шуд”,- омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллӣ дорои 8 хобгоҳ буда, аз ин се хобгоҳ (хобгоҳҳои №1, 2 ва 7) ба омӯзгорону кормандон, яке ба аспирантон (хобгоҳи 4) ва хобгоҳи №3 бошад, барои гузаронидани машғулиятҳои дарсии факултети тиббӣ пешбинӣ гардида, хобгоҳҳои №5, 6 ва 8 барои донишҷӯён муайян шудааст. Расо як сол қабл низ дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ барои 39 нафар корманду омӯзгор манзили истиқоматӣ ҷудо гардида буд. Дар давоми танҳо ду сол қариб 80 нафар устодону кормандони донишгоҳ соҳиби манзил шудаанд, ки дар таърихи донишгоҳ рухдоди камназир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *