Ронандаи фирорӣ дар Душанбе дастгир шуд

Кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ронандаеро, ки пиёдагардеро пахш карда гурехтааст, дастгир кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳамин ниҳод хабар медиҳад.

Бино ба гузориши мазкур, навори ин садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, дар асоси он ва бозпурсии ҷинояткор муайян мешавад, ки ҳодиса бегоҳии 16-уми июн дар маҳаллаи Навободи пойтахт аз тарафи Илҳомҷон Сатторови 20-сола, ронандаи мошини «Тайота Камри», рақамҳои қайдаш 5551АS01 рух додааст. Номбурда марди 64-солаи роҳгузарро бо қисмати пеши автомашинаи худ пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

“Ҷабрдида худи ҳамон лаҳза аз ҷониби шаҳрвандон ба беморхона дастрас карда шуда, ёрии тиббӣ расонида мешавад, ки хушбахтона ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ нарасидааст”,- гуфта мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ки нисбати ин ронандаи фирорӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *