Чанд голи беҷавоб ба дарвозаи Тоҷикистон

Дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» рақобат миёни тими мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо натиҷаи 1:5 бо пирӯзии Ӯзбекистон хотима ёфт.

Тибқи иттилои ФФТ, ба ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» гузаштани тими Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «А» бо нокомӣ анҷомид.

Бозии дигари футболбозони тоҷик дар «CAFA Nations Cup-2023» мусовӣ шуда буд.

Ба ҳамин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи «А» Ӯзбекистон (нуҳ имтиёз) ҷои якум, Уммон (4 имтиёз) ҷои дуюм, Тоҷикистон (ду имтиёз) ҷои сеюм ва Туркманистон (1 хол) зинаи охиринро соҳиб гаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *