Набера сари боборо хӯрд

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд набера манзили бобову бибиро бо роҳи фиреб аз они худ карда, баъди ба ҳуҷҷати хона имзо гузоштан пиру кампирро аз хона рондааст.
Мӯйсафед ин ғамро таҳаммул карда натавониста, ба сактаи дил гирифтор шуда аз олам даргузашт, кампири бечора бошад, дар ба дари хешу табор овораю сарсон гаштааст ва намедонад аз кӣ мадад бипурсад. Бобои Турдимурод пеш аз маргаш васиятнома навишта, бисёр хоҳиш кардааст, ки манзили «туҳфа» кардаашро ба ҳамсараш Шарифнисо баргардонанд, то баъди сари ӯ кампираки аз ҷабри набера овораю сарсонаш дар кӯча мурда намонад. Кист ин набераи бераҳм ва чӣ гуна ба ӯ муяссар гаштааст, ки манзили каси дигарро ба осонӣ аз они худ намояд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан, мо роҳи хонаи ҷабрдидагонро пеш гирифтем.

Ғамхориҳоям ғами гаронам шуд

Ду сол пеш бемории фишорбаландӣ маро аз пои равон мононд, вале барои набераамро ба шавҳар додан ба мӯйсафедам иқрор намешудам, ки нотобам ва ба табобат ниёз дорам. Набераамро танҳо намонам гуфта, то дами аз по афтидан ба духтур нарафтам, оқибат мани беҳушу беёдро табибон ба замбар бор карда ба касалхона бурданд. Дар беморхона ҳам, фикру хаёлам ҳамеша ба набераам банд буд, ки мабодо балое ба сараш набиёяд ё касе аз танҳо монданаш истифода бурда, ба ӯ зарар нарасонад. Мани сода бехабар аз он будам, ки ин ҳама ғамхориҳоям оқибат дарди сару ғами ҷони худам мешаванд. Аз беморхона баромада, ҳанӯз ба худ наомада будам, ки маро ба ҷамоат даъват карданд. Набераам маро бо мошин ба поссовет бурд. Дар рӯи стол як қоғаз истода буд. Онро ба ман дароз карда гуфтанд, ки дар ин ҷо имзо гузоред. Азбаски забони тоҷикро намедонам, нафаҳмидам, ки дар он коғаз чӣ навишта шудааст. Хоҳиш кардам, ки мазмунашро ба ман тарҷума кунанд, то фаҳмам, ки гап дар бораи чӣ меравад, “ягон ҷойи хавотирӣ надорад, имзо кардан гиред” гуфтанд. Пас аз оне, ки ба коғаз имзо гузоштам, корманди ҷамоат “ана енди уйнӣ қулда бердиз” (ана акнун хонаро аз даст додед) гуфта табассум кард. Барои чӣ пеш аз имзо гузоштанам ин гапро нагуфтед гӯям, даст афшонда “доду воятон дигар фоида надорад, аллакай дер шуд” гуфтанд,-қисса мекунад бибии Шарифнисо, ки аз рӯи набераи маккорааш имрӯз дар ба дари мардум овораю сарсон аст…

Макри “нодухтар”

Аз нақли кампир чунин бармеояд, ки наберааш Чамангул пас аз хатми синфи 9-ум тарки мактаб намуда ба Русия рафтааст. Соли 2015 аз Русия баргашта, вай ду пояшро дар як мӯза меандозад, ки ман ҷавонеро дӯст медорам ва хоҳед-нахоҳед ба ӯ ба шавҳар мебароям. Пиру кампир, ки Чамангулро ҳамчун нишонаи духтари ғуррамаргашон сахт дӯст медоштанду эҳтиёт мекарданд, розӣ шуда ба писарашон занг мезананд, то омада тӯйи ҷиянашро бо обрӯ гузаронад, вале…

“Бо қарзу қавола тӯйи хушрӯ карда, Чамангулро ба ҳамон ҷавони дилкашаш додем, вале рӯзи дигар домод бо ҷурми нодухтарӣ ӯро ба хонаамон гусел кард. Чамангул гуноҳашро ба сари кӣ бор карданашро надониста, ба суд ариза додааст, ки тағоям Алишер ба номуси ман таҷовуз кард, ҳол он ки писарам аз соли 2000-ум инҷониб ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Русия зиндагӣ мекунад. Баъди он ки набераам бо роҳи фиреб хонаи моро соҳиб шуд, фаҳмидем, ки вай ин нақшаро ҳамроҳи шавҳараш пешакӣ кашида будааст. Писарамро бо туҳмат ба пушти панҷара шинонда, баъди ҳабс шудани Алишер аз танҳо мондани мо, чолу кампир истифода бурда, онҳо манзили моро соҳиб шудан мехостаанд…”

Момаи Шарифнисоро гиря гулӯгир  кард, то каме ба худ омадани кампир мо суҳбатамонро бо тағои Чамангул-Алишер идома додем.

 Алишер:  Ҷиянам маро шантаж кард

Беҳуда намегуфтаанд:  “Сагбача калон  кунӣ, гирад банди пота”. Чамангул ятим монду падару модарам аз рӯйи раҳму шафқат ӯро ба парасторӣ гирифтанд. Баъди сар апаи раҳматиям ман ҳам дар симои ҷиянам хоҳарбузургамро дида, мудом сарашро падарвор сила мекардам, то ки ятим буданашро ҳис накунад. Дар Русия зиндагӣ кунам ҳам, ҳар моҳ пул мефиристодам, то Чамангул ва падару модарам азоб накашанд. Вақте аз прокуратураи ноҳия ба ман занг зада гуфтанд, ки биё, аз болои ту шикоят омадааст, ҳеҷ дар гӯшаи хаёлам набуд, ки ҷияни худам, ки ман ӯро аз фарзандонам кам намедонистам, туҳмати ноҳақеро ба поям печонда, маро дар таҷовуз ба номус муттаҳам кардан мехоҳад. Бовар кунед, вақте ин гапро шунидам, ҳуш аз сарам парид. Боварам намеомад, ки Чамангул ин корро карда бошад…

-Бегуноҳиатонро чӣ тавр исбот намудед?

-Таҳлилҳои экспертӣ нишон дод, ки гуфтаҳои ҷиянам танҳо шантаж асту халос. Чамангул барвақт ин нақшаро кашида будааст, чунки вай хуб медонист, агар ман дар озодӣ бошам, намемонам, ки ӯ хонаи пиру кампирро аз они худ кунад. Барои ҷиянам ман хори сари роҳ будам, аз ҳамин сабаб ба поям чунин туҳмати ноҳақро печонда, маро ба паси панҷара шинондан мехост, вале бо инояти худованд ҳамааш рӯйи об баромада, бегуноҳиам исбот шуд.

-Барои дар ҳаққатон туҳмат карданаш ҷиянатонро ба суд надодед?

-Ман ҳаволаи ӯро ба худованд супурдам. Ягона чизе, ки мехоҳам, ҳамин аст, ки хонаи бо роҳи фиреб аз пиру кампир рабудашударо дубора ба соҳиби аслиаш, яъне, ба модарам баргардонанд, то дар пирӣ хору зор ва дар ба дар нашавад. Хотири модарам ман маҷбур ҳастам, ки зану фарзандонамро дар Русия танҳо гузошта, дар ин ҷо бимонам. Ман ба як чиз ҳайронам, вақте ягон ҳуҷҷатро барои имзо гузоштан ба касе пешниҳод мекунанд, бояд бипурсанд, ки шумо ба мазмуни ҳамин чиз сарфаҳм меравед ё не, надонад, фаҳмонданашон лозим аст. Ҷиянам чолу кампирро фиреб карда, хонаашонро соҳиб шудаасту ҳозирон мисли тамошобин рост истода, чизе нагуфтаанд,- мегӯяд  Алишер.

 

Пеш аз маргаш васиятнома навишт

“Мӯйсафедам баъди фиреби набераи худонотарсамон дилкасал шуда мурд. Пеш аз маргаш вай васиятнома навишт, ки хонаю дари ба меҳнати ҳалол ёфта,  бо роҳи фиреб аз даст додаамро ба ҳамсарам баргардонед, то дар сари пирияш дар кӯча намонад”-қисса кард бибии Шарифнисо ва коғазеро ба мо дароз кард. «Ман Саидмуродов Турдимурод, аз моҳи сентябри соли 2016 ба бемории сахт гирифтор ҳастам. Аз адвокат Лола хоҳиш мекунам, ки кори маро напартофта, давом диҳад, то ки баъд аз сари ман ҳамсарам Қодирова Шарафнисо дар кӯча намонад,. Хоҳиш менамоям, ки хонаи маро баргардонида диҳед. Набераам-Юсупова Чамангул маро ягон маротиба хабар нагирифт. Забонхати ӯ оиди моро нигоҳубин мекунам гуфтанаш бардурӯғ ва сохта аст. Аз адвокат Ёқубова Лола ва мақомоти қудратӣ илтимос мекунам, ки ба ҳамсарам ёрӣ диҳед. Умедворам, ки хонаи маро ба кампирам баргардонида медиҳед…”,- навиштааст мӯйсафед пеш аз маргаш.

Умедворем ин мавод ба дасти масъулин мерасад ва сари ин фиребкорию сохтакорӣ чора меандешанд.

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Спитамен-Хуҷанд

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *