Нафақаи миёна 1,7 сомонӣ зиёд шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ омореро хонда, дар ҳайрат мондам. Дар нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар додаанд, ки нафақаи миёнаи аҳолии кишвар ҳамагӣ 1 сомониву 17 дирам зиёд шудааст. Магар ин аз рӯйи адолат аст? Бо ин миқдор пул чӣ харида мешавад? Ақаллан ба набераҳо шоколад харидан имкон надорад.
Зокир МУРТАЗОЕВ, нафақагир
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот медиҳад, ки дар 6 моҳи соли равон нафақаи миёна дар Тоҷикистон ба андозаи на 1,7 сомонӣ, тавре ки пештар хабар дода шуд, балки 28,62 сомонӣ зиёд шудааст.
“Гап сари он аст, ки ҳангоми чопи варақаи иттилоотӣ хатои техникӣ рафтааст. Аз ин рӯ, Агентӣ маъзарат хоста, дар ин бора маълумоти дақиқ пешниҳод мекунад: соли гузашта андозаи нафақаи миёна дар Тоҷикистон 320 сомониву 40 дирам ва дар соли равон 348 сомониву 96 дирамро ташкил медиҳад”,- изҳор намуданд дар Агентӣ.
Дар Агентӣ зикр карданд, ки дигар рақамҳои дар маълумот зикршуда дурустанд.
Бино ба маълумоти Агентӣ, айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ тариқи зайл аст:
— дар Душанбе — 429,15 сомонӣ;
— дар ВМКБ — 406,93 сомонӣ;
— дар Хатлон — 313,19 сомонӣ;
— дар Суғд — 303,21 сомонӣ;
— дар ноҳияҳои тобеи марказ — 299,57 сомонӣ.
Тибқи иттилои Дилмурод Давлатзода, роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир шумораи нафақагирон дар кишвар 761 ҳазору 312 нафар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ