Нафақаи пиронсолии муҳоҷиронро кӣ медиҳад?
Тоҷикистон мегӯяд, ки Русия шартномаи пешниҳодӣ барои додани нафақа ба муҳоҷирони тоҷикро напазируфт ва онро барои такмили дубора баргардонидааст.
Назокат Одиназода, муовини аввали Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон рӯзи 16 январ зимни нишасти хабарӣ афзуд, ҷониби Русия гуфтааст, ки бандҳои ин шартнома ба қонунҳои Русия мухолифат дорад. Ӯ гуфт, ҳоло гурӯҳи корӣ барои пешниҳоди дубора болои ин шартнома кор мекунад.
Лоиҳаи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик ҳанӯз дар моҳи августи соли гузашта ниҳоӣ шуда буд ва он замон мақомоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтан буданд, ки коршиносони ду тараф иҷрои онро ҳамоҳанг мекунанд. Дар сурати имзои ин созишнома 500 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард.
Мақомоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, онҳое бо нафақа таъмин хоҳанд шуд, ки корашон дар Русия расмӣ аст ва бо суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Яъне, тибқи созишномаи нави таҳияшуда муҳоҷироне, ки расман кор мекунанд, ба давлати Русия бояд андози иҷтимоӣ пардохт кунанд. Дар он сурат ҳукумати Тоҷикистон дар давраи бознишастагӣ ин маблағҳоро аз Русия мегирад ва ба худи муҳоҷирон чун нафақа пардохт мекунад.
Таъмини муҳоҷирони кории тоҷик бо нафақа аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 соли пеш оғоз ёфта буд ва акнун онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, аз ҳеҷ гуна ҳифзи иҷтимоӣ ё нафақа бархӯрдор нестанд. Ин масъала аз муддатҳо пеш дар долонҳои ҳукуматӣ баррасӣ шуда ва ба парлумони кишвар низ роҳ ёфта буд.
Ҷониби Русия ҳамеша пофишорӣ мекард, ки агар ҳукумати Тоҷикистон иҷрои қарордоди реадмиссия ё пардохти маблағи интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик ба ватанашонро бар ӯҳда бигирад, дар иваз ҷониби Русия ба муҳоҷирони расмӣ нафақа таъин хоҳад кард. Баҳси ҷонибҳо роҷеъ ба ин масъала ба дарозо кашид ва барои ҳамоҳанг сохтани ин масъалаҳо ва таҳияи созишномаи таъмини ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон ё таъмини нафақаи онҳо музокироти гурӯҳи муштараки кории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия ду сол давом кард. Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки нафақаро барои чунин муҳоҷирон фонди иҷтимоии Русия таъин хоҳад кард.
Бештари корфармоёни Русия бартарӣ медиҳанд, то муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни қарордод ба кор бигиранд ва ҳамин шартро ба муҳоҷир пешкаш мекунанд, то аз пардохти андози иҷтимоӣ ва ташвишҳои изофии марбут ба он фориғ бошанд. Чун муҳоҷир чораи дигар надорад, маҷбур мешавад, ин гуна шартро бипазирад. Чунин муҳоҷирон аз дарёфти нафақа дар пиронсолӣ маҳрум хоҳанд монд.
Бинобар омори охири раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия, ки дар нимаи дувуми моҳи декабри соли 2016 нашр кард, танҳо дар ду соли охир шумораи муҳоҷирони мавсимӣ аз Тоҷикистон 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳоло шумораи муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарор дошта каме беш аз 800 ҳазор нафаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ