Алиев: Аз судбозию судтозӣ саломатиямро аз даст додам

  Дар мардуми  мо як масал ҳаст:- Дунё чу ба дасти нокасон розӣ шавад-гусола мудиру барзагов қозӣ шавад.   Умри ин қозигӣ дар зиндагии мо рух дод. Алиев Ойбек, яъне писари додарам, ки дар  газетаи ноҳивяии “Ҳуқуқ”-и ноҳияи Ҷ. Расулов сармуҳаррир аст, бо вуҷуди бе диплом дар ин соҳа кор кардан,  дар ин ҳавлиҳои меросӣ, ки мо харида аз соли 1995-96 боз обод карда истодаем худро молик мешуморад. Ду сол боз кораш ба судҳо шикоятнависӣ. Хонаи заҳкашидаву нимкӯчидаро харида ба хонаҳои дуошёнаи обод табдилдодаи маро бесарпаноҳ  карданӣ-мегӯяд Алиев Ҳусейн, сокини ноҳияи Ҷ. Расулови вилоят Суғд.

-Хонаи харидаи мо аслан ду маротиба соли 1954 ва соли 1969 сохтмон карда шудааст. Ин хонаҳо аллакай фарсуда шуда, аз таг нам кашида дар  арафаи кӯчидан буд. Мо булдозер андохта хонаҳоро чаппа кардему дар ҷояш дигар хонаҳои истиқоматӣ  сохтмон кардем.

  Вақте, ки мо бо Ҳамроҷон Ҷӯраева ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов барои бастани шартномаи хариду фурӯш рафта будем, нотариуси давлатӣ ба мо гуфт, ки барои хариду фурӯш кардан хонаҳо вуҷуд надоранд ва фақат аз вайрона иборат халос…

-Аммо имрӯз ҳамон бинои “хонаҳо вуҷуд надоранд ва фақат аз вайрона иборат” гуфтаи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов ба баҳсу наҳсе табдил ёфтааст, ки ду сол боз аз судбозию судтозӣ саломатии худаму занамро аз дастам додам-мегӯяд номбурда, ки  хонаи баҳсиро  дар ҳамин фисли сардӣ кашида гирифтанияд…

Идомаи мавзӯъ ва ин мушкилоти Алиев ( шояд ҳамтақдирони ӯ дар ҷумҳурӣ кам нестанд) -ро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *