12 нафар ҷон бохту даҳҳо нафар нопайдост
Дар пайи ғарқ шудани қоиқи ҳомили паноҳандагони Роҳинҷа дасти кам 12 нафар ҷон бохт ва даҳҳо нафари дигар нопадид шуд. Паноҳандагон бо қоиқ аз Мянмар ба Бангладеш фирор мекарданд.
Мақоми Хадамоти соҳили Бангладеш Абдул Ҷалил рӯзи 9 октябр гуфт, ки қоиқ шаби гузашта ғарқ шуд ва онҳо то ҳол 12 ҷасадро пайдо карданд.
Ҷалил гуфт, ки кушташудаҳо 10 кӯдак, як зани калонсол ва як мард буд. Мақомот мегӯянд, қоиқ беш аз 100 одам дошт ва дар дарёи Наф, воқеъ дар марзи Бирма бо Бангладеш чаппа шуд.
Дар заминаи бархурдаш бо ақалиятҳои мусалмони Роҳинҷа, Мянмари асосан буддоӣ, дар ростои интиқоди шадиди байналмилалӣ қарор дорад. Аз замони оғози хушунатҳо, дар таърихи 25 август, беш аз 400 000 мусалмони Роҳинҷа аз Мянмар ба Бангладеш фирор кард.
Мақомоти Мянмар иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо на мусалмонҳои мулкӣ, балки шӯришгаронро ҳадаф қарор доданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ