Се донишҷу ба ҳалокат расид

Аз Вазорати корҳои доҳилӣ хабар доданд, ки субҳи дирӯз,  тахминан соати 00.00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “РАФ-Чонвай”, Наимов Мирзонаим Алихонович, соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда, Иқболи Соҳибназари Эмомалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рушон, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Раф-Чонвай” Наимов М. ва мусофиронаш: Муродов Тоҷиддин Одинамаҳмадович ва Тоҳиров Меҳроҷиддин Ҳабибуллоевич, соли таваллудашон 1995, донишҷӯёни соли 4-уми Донишгоҳи Давлатии Миллии ҶТ, сокинони ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дигар мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Давлатов Комрон ва Толибов Абдулфайёз, соли таваллудашон 1995, донишҷӯёни соли 4-уми Донишгоҳи мазкур, сокинони ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, Давлатов Комрон дар беморхона ба ҳалокат расида, Толибов Абдулфайёз бистарӣ гардидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *