Риши «Қоришкамба»-ро метарошанд?

 Хабарнигории Sugdnews аз боздошти ду ҳунарманди театри ба номи Тӯҳфа Фозилова хабар дод. Ин ҳодиса 7 октябр, дар шаҳри Конибодом рух додаст. Ҳунармандонро барои риш мондан ба шуъбаи милитсияи минтақавӣ бурданд. Дар шӯъбаи милиса ба онҳо гуфтаанд, ки одамони ришдорро дар як рӯйхати алоҳида бояд сабт кунанд.

Ба қавли Зайниддин Орифӣ, сухангӯи театри мусиқиву драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом, ки рӯзи 7 октябр нозири минтақавии милиса ду ҳунарпешаи ин театрро ҳангоми сайругашт дар кӯча барои риш доштанашон боздошта, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдааст. Хушнуди Дадо ва Фаррух Ваитов дар намоишномаи «Марги сӯдхӯр” бар пояи асари безаволи Садриддин Айнӣ нақшҳои Қорӣ-Ишкамба ва муллобачаро иҷро мекарданд ва ба ин далел риш гузошта буданд.

Аммо нозири минтақавии милиса, ки лейтенант будааст, онҳоро ба сайругашт бо риш дар макони ҷамъиятӣ айбдор карда ва боздошт кардааст.

Фаррух Ваитов ба Sugdnews гуфтааст, ки дар шӯъбаи милиса бо онҳо сӯҳбат карда, дар бораи шахсияташон пурсидаанд ва протокол тартиб додаанд. Ба ҳунарпешаҳо дар шӯъбаи милиса фаҳмондаанд, ки мардони ришдор бояд дар як рӯйхати хосаи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом сабт карда шаванд.

Ба гуфтаи Фаррух Ваитов, нозири милиса баъди онки фаҳмид ки онҳо ҳарду ҳунарпешаанд ва барио иҷрои нақшҳояшон дар намоишномаи «Марги сӯдхӯр” риш мондаанд, гуфтааст, ки ба зудӣ шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом ба онҳо санади махсус медиҳад ва дигар бо санад метавонанд оромона дар кӯчаҳои шаҳр бо риш бигарданд.

Баъди тартиб додани протокол, ҳарду ҳунарпешаро аз милиса ҷавоб додаанд.

Фаррух Ваитов гуфтааст, ба сурати умум, ин моҷаро ба фоидаи онҳо анҷом ёфт: «Дар оянда мо метавонем бе ягон тарс аз риши мондаамон дар кӯча бигардем.”

Хушнуди Дадо дар намоишномаи «Марги сӯдхӯр” нақши асосии Қорӣ -Ишкамба ва Фаррух Ваитов нақши муллобачаи мадрасаро иҷро мекунанд.

Хушнуди Дадо, Фаррух Ваитов ва Фарҳоди Ғаффорпур дар поёни моҳи сентябр бо намоишномаи

«Марги сӯдхӯр” фарҳанги тоҷикро дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳои хиёбонӣ дар шаҳри Бишкек намояндагӣ карда, ба ҷашнвораи соли оянда, ки дар Словения доир хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *