Наимов бо гуноҳи қаллобӣ боздошт шудааст

Нурулло Наимов, роҳбари барканоршудаи тарҳи «Манзили дастрас» ба иттиҳоми «қаллобӣ» боздошт шудааст.

Боздошти ӯ ва се тан аз ҳамкоронаш бар асоси шикояти муштариёни тарҳи «Манзили дастрас» сурат гирифтааст.Ба гуфтаи манбаъ, алайҳи раҳбари пешини «Манзили дастрас» тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодексияи ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқот идома дорад.Прокуратураи  шаҳри Душанбе мегӯяд, даҳҳо тан аз муштариёни ин тарҳ шикоят кардаанд, ки масъулини «Манзили дастрас» аз онҳо пул дарёфт карда ва ба хазинаи ин тарҳ ворид накардаанд. Прокуратура  ҳоло аз ҷумла бояд мушаххас кунад, ки чаро роҳбарияти пешини тарҳ пули муштариёнро гирифта, ба хазинаи корхона ворид накардааст. Нурулло Наимов, раиси тарҳи “Манзили дастрас” дар моҳи августи соли ҷорӣ муваққатӣ аз масъулияташ дур шуда, ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз карда буд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар тобистони соли ҷорӣ аз прокуратура тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони «Манзили дастрас»-ро тафтиш кунанд.Бояд дақиқ шавад, ки чаро пули муштариҳо ба хазинаи корхона ворид нагардид?»Сохтмони хонаҳои «Манзили дастрас» дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд, вале дар панҷ соли гузашта бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *