Раҳимзода ду роҳбари милисаҳоро аз кор ронд

Бегоҳии  18 декабр вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар як ҷаласаи селекторӣ бо ширкати тамоми сохторҳои вазорати дохила мавзӯи ҳолати рӯҳии кормандони милисаро баррасӣ кардааст.

Сабаби матраҳ шудани ин масъала занозание буд, ки чанд рӯз пеш байни яке аз муовинони сардори ШВКД ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва сардори БДА-и ин ноҳия рух додааст.Муовини сардори ШВКД сардори БДА-ро барои кадом гуноҳе шадидан латтукӯб кардааст. Вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласа гуфтааст, ки ин кормандони милиса бо чунин рафтори худ обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҷомиа мерезонанд. Ҳарду мансабдори баландпояи милисаи ноҳияи Спитаменро бо ҳамин далели «роҳ додан ба рафторе, ки шаъну шарафи корманди милисаро паст мезанад” аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ рондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *