Пахши мустақими худкушии як ҷавон дар интернет

Ҷасади хонандаи 14-солаи ӯзбекистониро роҳгузарон дар пеши манзили зисташ дар шарқи шаҳри Москва пайдо карданд. Дар паҳлуи ин навҷавон телефони мобилаш афтода буд. Вай лаҳзаи худкушиашро бо сарзер шудан аз ошёнаи 16 ба воситаи пахши мустақим ба корбарони интернет нишон дод.

Расонаҳои Русия менависанд, ин навҷавон дар хонаводаи комил ба сар мебурд. Падару модараш зодагони Ӯзбекистон ҳастанд.

Ба иттилои коргарони хадамоти иҷтимоӣ, волидони вай гоҳҳо дар Ӯзбекистон ва гоҳе дар Русия зиндагонӣ мекарданд. Он навҷавон фарзанди ягонаи хонавода буд.

Вай бештари вақташро ба бозиҳои компютерӣ сарф мекард. 16 декабр ҳам бо чунин тартиб сипарӣ шуд: вай нахуст дар кӯча сайру гашт кард, машруб нӯшид ва тақрибан соати 21:30 дақиқа ба боми бинои 16-ошёна баромад. Ин навҷавон аз онҷо тавассути телефонаш мустақиман навор нишон медод.

Вай дар лаҳзаҳои охири умраш гуфт, «аз ҳама чиз сер шудааст, ҳама чиз ба дилаш задааст» ва ба дӯстонаш муроҷиат кард. Наворро мустақиман ду корбари шабакаи иҷтимоӣ тамошо мекарданд. Яке аз онҳо талош кард, навҷавонро аз ин азмаш бозгардонад, дувумӣ баръакс шеракаш кард, ки худро партояд.

Аммо баъд аз се дақиқаи шарҳнависӣ навҷавон худкушӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *