Тест: Шуморо ба ғазаб овардан осон аст?

Шумо шахси оромтабиат ва боандеш ҳастед ё мисли гӯгирдчӯб дарҳол оташ гирифта,  бо алангаи қаҳру ғазабатон замину замонро месӯзед? Биёед месанҷем, ки шуморо ба ғазаб овардан осон аст ё не!

1.Чунин мешавад, ки дар сари қаҳр гапи ноҷое гуфта баъдан сахт пушаймон мешавед?

  1. Агар ҳамсояатон оромии шуморо халалдор намояд, зуд ба сараш меравед?
  2. Саросема шуда пиёлаи чой ё қаҳваро чаппа кунед, дашном медиҳед?
  3. Агар нақлиёт дер кунад, бо ронанда муноқиша мекунед?
  4. Бо фурӯшандае, ки пулатонро зиёдтар мегирад, дарҳол мунозира оғоз менамоед?
  5. Ба меҳмони ба хонаатон омада иҷозати сигоркашӣ намедиҳед?
  6. Аз ҳарфи дурушти нисбати наздиконатон гуфташуда ба ғазаб меоед?
  7. Ҳангоми дар навбат истоданатон, агар нафаре шуморо тела дода, пеш рафтан хоҳад, девона мешавед?
  8. Аз таъмирро оғоз намудани ҳамсоя ба қаҳру ғазаб омада, бо дашном ва таҳдид ҷонашро ба лабаш меоред?
  9. Нафаре дӯсти шуморо ғайбат кунад, ба ғазаб меоед?
  10. Аз дидани ҷавононе, ки дар автобус ба шумо ҷой намедиҳанд, ба ғазаб меоед?
  11. Агар нафаре аз меҳмонон тасодуфан зарфи шишагини шуморо шиканад ё чизеро даронад, ғазаби худро нишон медиҳед?

Барои ҳар як ҷавоби мусбӣ ба худ 1 хол

ва барои ҷавобҳои манфӣ 0 хол гузоред

Аз 0 то 3 хол

Шуморо ба ғазаб овардан кори саҳл нест. Шумо ҳатто дар лаҳзаҳои асабоният оромиро нигоҳ дошта, қаҳру ғазаби худро пинҳон медоред. Ин рафтортон ба ҳолати руҳиятон таъсири манфӣ расонида, асабатон хароб мегардад.

Аз 4 то 7 хол

Баъзан ғазаболуд гашта, худро идора карда наметавонед, вале дар аксари ҳолатҳо шарму ҳаёи зотӣ намегузорд, ки моҷаро кунед.

 Аз 8 то 12 хол

Холҳои ба даст овардаатон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бе гӯгирд ҳам оташ мегиред. Шумо на танҳо нисбати атрофиён, балки нисбати худ низ сахтгир ва сангдил ҳастед. Рӯйрост сухан гуфтанро меписандед. Ин одататон хуб аст, вале фаромӯш насозед, ки ҳама чиз андоза дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *