Дар Деҳнав 47 ошпаз палави қариб 9 тоннагӣ пухтанд

Дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё  47 нафар ошпаз оши палов пухтанд,ки  зиёда аз 8 тонна вазн дошт ва рекорди қаблии тайёр кардани ин намуди хӯроки миллиро , ки ба  ба тошкандиҳо   тааллуқ дошт, пушти сар карданд. Рекорди қаблӣ ҳамагӣ 7360 кило ош буд, ки 8 сентябри соли гузашта гузошта шуда буд ва ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст. Аммо ин дафъа деҳнавиҳо оше тайёр карданд,ки 8,8 тонна вазн дошт. Онҳо ин чорабиниро ба Рӯзи муҳофизони  Ватан бахшидаанд. Рекорди нави ошпазӣ, ки  хӯроки миллии тоҷикон ҳам мебошад, кай дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад, ҳанӯз маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *