Дар Ӯзбекистон сафир дуздӣ кард

Президент Нурсултон Назарбоев сафири Қазоқистон дар Узбекистон Ерик Утембоевро аз мақом барканор кард.

Президент Нурсултон Назарбоев сафири Қазоқистон дар Узбекистон Ерик Утембоевро аз мақом барканор кард.Утембоев моҳи октябри соли 2018 бо фармони президенти Қазоқистон ба иллати гумонбарӣ дар дуздӣ муваққатан барканор шуда буд.Мақомоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон 16 октябри соли 2018 хабар доданд, ки сафири ин кишвар дар Узбекистон ба дуздии пулҳои буҷа дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешавад.»Ерик Утембоев ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун шахси масъул санади сохтаи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар бинои сафорати Қазоқистон дар Узбекистонро имзо кардааст. Дар натиҷаи амали ғайриқонунии ӯ будҷаи давлат 140 миллион танга (ҳудуди 378 ҳазор долар) зарар дид», — гуфта буд намояндаи Оҷонси умури давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Қазоқистон Жанна Бастарова.Сафирро дар ин мақом раиси пешини Чимкент ва собиқ узви сенати ин кишвар Дархон Сотиболдӣ иваз кард.

“Озоди”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *