Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ дар “Кохи Борбад”
Аз 4 то 7-уми май дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.
Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ширкатхои бонуфузи ватаниву хориҷӣ аз Тоҷикистон, Малайзия, Эрон, Турикия, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Белорус ва дигар давлатҳо маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ