“Барселона” қадами дигаре пеш гузошт

“Барселона” дар бозии даври 30-юми чемпионати Испания оид ба футбол бар “Атлетико” пирӯз шуд.

Вохӯрӣ дар Барселона бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голро Ферран Торрес дар дақиқаи 44-ум ба самар расонд.

“Барселона” силсилаи шикастнопазирии худро ба 7 бозӣ расонд ва бо 76 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Испания пешсаф аст.

“Атлетико”, ки як серияи бебохти 13 бозиро шикастааст, бо 60 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *