сарбоз

Сарпечӣ аз хизмати ҳарбӣ 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард

Даъватшаванда Самиҷон Турсунов пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ дониста шуд. Аммо ҷавон бе ягон сабаб ба қабулгоҳ барои фиристодан ба хизмат ҳозир нашуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Самиҷон Турсунов, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан аз 24-уми июли соли 2021 ҳамчун даъватшаванда мувофиқи муоинаи тиббии комиссияи тиббии комиссариати ҳарбии шаҳр ба хизмати ҳарбӣ қобили қабул дониста шуд. 25-уми сентябри соли 2021 ин ҷавон шахсан даъватнома гирифт, аммо бе ягон сабаб ба қабулгоҳ барои фиристодан ба хидмат ҳозир нашуд. Бо амали худ ҷавон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст.

Прокуратураи шаҳри Истаравшан аз рӯи далелҳои дар боло зикргардида нисбати С. Турсунов тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, барои баррасӣ ба суд ирсол намуд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Истаравшан аз 18-уми апрели соли 2023 С. Турсунов дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд. Додгоҳ шаҳрванд С. Турсуновро ба муҳлати 6 моҳ бо маҳрум намудан аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ маҳкум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *