Бонкҳо имсол чӣ қадар қарз доданд? БМТ эълом дошт

Дар ду моҳи аввали соли 2023 созмонҳои қарзии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,8 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ин нишондод нисбат ба як соли қабл 29,8% бештар аст.

Тибқи маълумоти танзимкунанда, фоизи миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ 22,7%, бо асъори хориҷӣ (доллар) 11,8 %-ро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта фоизҳо бо пули миллӣ 24,6 % ва бо асъори хориҷӣ 12,8 %-ро ташкил додаанд.

Аз ҳама бештар қарзҳои истеъмолӣ, қарзҳо барои рушди кишоварзӣ, саноат ва савдои берунӣ дода мешаванд.

Ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ қарзҳои истеъмолӣ дода шудаанд, ки ин 41,1% ҳаҷми қарзҳоро ташкил медиҳад.

Аз соҳаҳои иқтисодиёт миқдори камтарини қарз ба нақлиёт дода шудааст. Ин соҳа 11,7 миллион сомонӣ қарз гирифтааст. Ба соҳаи саноат 390,1 миллион сомонӣ ва сохтмон 136,4 миллион сомонӣ рост меояд.

Қарз барои савдои берунӣ қариб 3% кам шуда, 345,4 миллион сомониро ташкил додааст. Ба соҳаи кишоварзӣ 517,5 миллион сомонӣ дода шудааст, ки нисбат ба ду моҳи аввали соли 2022-юм 2% камтар аст.

Бино ба маълумоти БМТ, дар тақсимоти минтақавии қарзҳои додашуда шаҳри Душанбе бо гирифтани 912,2 миллион сомонӣ бартарӣ дорад. Дар вилояти Суғд 858,2 миллион, дар вилояти Хатлон 633,3 миллион, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 433,5 миллион ва ВМКБ 19,6 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *