Нарх дар “потолок”. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба чӣ кор ояд?

Таърифу хушомадгӯиро ба авҷи аълояш расондем, вале зиндагиамон вазнинтар мешаваду осон не. Ба назар чунин менамояд, ки масъулинро ҳам парвое нест.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба чӣ кор ояд, ки гуфти бобои Ҷалил нарх дар «потолок» ҳаст. Мардум хастаю ноумеду дилгир гардиданд. Он хандаю шухию базму тараби заём бурдан, лотореяхариҳои даврони шӯравӣ чун афсона дар ёдҳо монданд.
Ду-се соли охир ҳадди ақали маошу нафақаҳо, стипендияҳо 10-15 фоизӣ зиёд мешуду тоҷирону ҳаннотон нархи молу маҳсулотро 30-40 фоизӣ қимат мекарданд.
Тантанаҳои ҷашни 30 — солагии Истиқлолият анҷом пазируфтанду баъзе корхонаҳои ифтитоҳгардида як-ду рӯз пас аз кор боз монданд. Вале як аҷоиботи кор ин шуд, ки дар ин ҷашни пуршукӯҳ нафақаю маошро зиёд накарданд. Ё онро пинҳонӣ карданианд, ки савдогарони бозор нафаҳманд…

Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *