Нархи чипта 50% арзон мешавад?
Шуруъ аз 27 августи соли равон, миқдори парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон зиёд мешавад. Оё паст шудани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар назар ҳаст?
Сарбоз, шаҳри Душанбе
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки Русия бо Тоҷикистон шумораи парвозҳои мустақим миёни Душанбе-Маскавро то 14 парвоз зиёд кард. Акнун ҳар ҳафта дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ширкати ватании “Сомон Эйр” 7 парвоз ва ширкати русиягии “ЮтЭйр” 7 парвоз анҷом хоҳад дод.
“Бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори қабулнамудаи ҷониби Федератсияи Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта, ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад”, – хабар медиҳад агентӣ.
Ҳамчунин дар баёния гуфта мешавад, ки дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд ва Кӯлоб низ ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия парвозҳои доимӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар баёнияи Агентӣ ҳамчунин аз паст шудани нархи чиптаҳо гуфта мешавад, вале арзиши ниҳоии онро масъулин нишон надодаанд.
Вале як манбаъ аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба Your.tj гуфтааст, ки бо зиёд шудани шумораи парвозҳо арзиши чиптаҳо то 50% поён хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ