Натиҷаи ду молоқоти имрӯзаи Президент

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду намоянда — Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон барои стратегияи оянда Ҷанг Сангмин ва Комиссари Олии САҲА барои кор бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмоновро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот бо Ҷанг Сангмин вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Корея мавриди баррасӣ қарор гирифта, муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин ба нақши Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун майдони муҳими ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар унвон шуд.

Дар рафти мулоқот бо Кайрат Абдураҳмонов маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба кор бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардида, ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *