Амонатбонк сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид

Амонатбонк дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар асоси натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузорӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ ташкил гардида буд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар номинаи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ яке аз ҷойҳои ифтихориро касб намуда, соҳиби ҷоиза гардид.

Ташкил ва баргузор намудани озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба низоми бонкию молиявӣ бевосита мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *