Натиҷаи имтиҳонҳо эълон шуданд, аммо довталабон ҳанӯз донишҷӯ нестанд…
Дирӯз аввалин натиҷаҳои имтиҳони довталабон ба макотиби олӣ тариқи паёмакҳои телефонӣ эълон гардид .
Минбаъд 3 август натиҷаи ниҳоии ин имтиҳонҳо эълон хоҳад шуд Ба иттилои намояндаи Маркази миллии тестӣ аз 84 ҳазору 644 нафаре, ки дар Маркази миллии тестӣ сабт шуданд, 78 ҳазору 205 нафарашон дар имтиҳонҳои қисми А ва Б иштирок доштанд ва 59 ҳазору 260 нафар ба озмуни тақсимотӣ роҳ ёфтаанд. Масъулини Маркази миллии тестӣ аз довталабоне, ки наметавонанд вориди утоқҳои инфиродии худ гарданд, даъват намуданд, ки бо рақамҳои 224 53 66/ 224 53 67/ 224 53 68 ё 93 333 38 24 дар тамос шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ