Наврасони Тоҷикистон бозиҳои Ҷоми Осиёро шуруъ карданд
Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок анҷом дода, ба шаҳри Чонбури рафт, то ду бозии аввалро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 анҷом диҳад.
Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 23 бозингар (3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар) шомил шуданд.
Дар Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурўҳи «С» бо дастаҳои Чин (16-уми июн), Арабистони Саудӣ (19-уми июн) ва Австралия (22-юми июн) бозӣ менамояд. Дастаи мо ду вохўрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро бо дастаи Австралия дар Бангкок мегузаронад.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ