Волидайни бемасъулияти 2150 ноболиғ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз омори ноболиғоне, ки соли 2023 ба меҳнати маҷбурӣ, оворагардӣ, талбандагӣ ва шабгардиву дилхушӣ дар ҳудуди пойтахт машғул будаанд, хабар дод.

Тибқи гузориш, давоми панҷ моҳи ҳамин сол аз ҷониби кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани рейду амалиётҳои санҷишӣ, дар маҷмуъ 2150 ноболиғ, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, шустушӯи воситаҳои нақлиёт, марказҳои бозии компютерӣ, чилимхона, савдои кӯчагӣ, дуд додани испанд ва дигар амалҳо машғул будаанд, дастраси мақомот карда шудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати волидайни наврасон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷалби ноболиғон ба иҷрои корҳои душвор ва сӯйистифодаи меҳнати онҳо дар доираи қонунгузорӣ қатъиян манъ карда шуда, нисбат ба чунин одамон ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Илова мекунем, ки вобаста ба ин аз ҷониби раёсати мазкур бо волидайну сарпарастони ноболиғон суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, пайваста дар байни наврасон маҳфилҳои маърифатию омӯзишӣ ташкил карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *