Варзишгар Суҳроб Давлатов дар Екатеринбург боздошт шуд

Дар муноқишаи байни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия варзишгари номдор Суҳроб Давлатов бо як нафари дигар гумонбар дониста шуда, дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.

Чуноне ки қаблан хабар дода будем, рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия байни муҳоҷирони тоҷик задухӯрд рух дода буд, ки дар натиҷаи он ду нафар аз зарбаҳои корд ҳалок шуда буданд. Ҷасади онҳоро мардуми маҳаллӣ дида, ба мақомот хабар медиҳанд. Баъди санҷиш муайян мешавад, ки муноқиша барои пул сар зада, ҳамаи онҳо дар як сохтмон кор мекардаанд.

Ҳамчунин яке аз онҳо Суҳроб Давлатов, варзишгари собиқи муҳорибаи тан ба тан (бой без правил) буда, бо як нафари дигар ба қатли кушташудагон гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи хабари «КП-Челябинск», Суҳроб Давлатов баъди ин ҳодиса ба Челябинск ба хонаи дӯстдухтараш фирор кардааст, вале аз ҷониби кормандони милитсия дастгир мешавад. Ҳоло номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, инчунин гумонбари дигар ба Қазоқистон фирорӣ шудааст, ки дар онҷо боздошт ва дар ҳоли фиристодан аст.

Суҳроб Давлатов, ки номи худро ба Илёс Бобиев иваз кардааст, гуноҳро ба гардан намегирад ва муддати ду моҳ ба боздоштгоҳ (СИЗО) фиристода шудааст.

Тибқи маълумоти охир дар ин муноқиша 19 нафар иштирок дошта, 2 нафарашон, ки дар боло зикр кардем, ба ҷинояти куштор гумонбар ва дастгир шуда, боқимонда 17 каси дигарашон дар рӯзҳои наздик боздошт ва аз кишвари Русия ихроҷ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки Суҳроб Давлатови 27-сола яке аз варзишгарони машҳури тоҷик буда, дар байни мардуми рус обрӯву эътибор дорад. Вале тафтишот муайян мекунад, ки маҳз ӯ ва як нафари дигар бо корд мусаллаҳ будаанд.

Дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск хабар дод, ки шахсияти 5 ҳамлагар маълум шудааст. Яке аз онҳо аллакай тавонистааст дар Тоҷикистон пинҳон шавад. Дар ҳоле, ки шумораи дақиқи ширкатдорони кордзанӣ маълум нест ва дар ҷараёни тафтишот шояд шумораи гумонбарон афзоиш ёбад.

Ёдовар мешавем, ки задухӯрд дар ноҳияи ҷанубу ғарбии Екатеринбург, дар кӯчаи Академик Бардин субҳи 12-уми июн рух дод. Милитсия дар ҷои ҳодиса ду ҷасадро бо захмҳои корд пайдо кардааст. Се нафар ба кумаки табибон ниёз доштанд. Ҷароҳатҳои ду нафар чунон сахт буд, ки дар беморхона бистарӣ шуданд. Якеро баста, ба хона фиристоданд.

Маълум аст, ки ин ду гурӯҳ аз ҳисоби қарз ба ҷанги тан ба тан даст задаанд. Суҳроб Давлатов ва дигар ҳамроҳони ӯ ҳамчун қувва ба ҷанг ҷалб карда шудаанд. Маълум аст, ки варзишгар ба манфиати гурӯҳе, ки бо гурӯҳҳои нажодии ҷинояткори анбори сабзавоти №4 алоқа дошт, амал мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *