Наздики 220 миллион сомонӣ. Рухсатипулии омӯзгорон пардохт шуд
Рухсатии омӯзгорони муассисаи таълимӣ дар вилояти Хатлон пурра пардохт шудааст. Ин нукта 26 июли соли ҷорӣ дар нишасти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон зикр шуд.
Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон афзуд, ки то 25 июли соли 2024 рухсатипулии омӯзгорон пардохт шудааст.
Ӯ мегӯяд, дар маҷмӯъ рухсатипулии омӯзгорон 219 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин минтақа дар кишвар аст, 1 ҳазору 386 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо 47 ҳазору 202 омӯзгор ба кор ҷалб гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ