«Некӯкорӣ»: эҳтиёҷмандон зиёданд, аммо хайрхоҳон кам!
Баҳор Камаров- директори ташкилоти ҷамъиятии «Некӯкорӣ», ки ба кӯмаки кӯдакони маъюбу бепарастдор мешғул аст, субҳи имрӯз ба Муродбек Юлдошев, ки чанде пеш ба идораи Tajikistantimes.tj барои гирифтани кӯмаки молӣ дар роҳи таҳсилоташ омада буд, барои харидани либоси ягонаи мактабияш ба маблағи 350 (нархи либоси мактаби дар литсейи мазкур ба 350 сомонӣ баробар будааст), кӯмаки пули расонд, дар ин бора худи Муродбек Юлдошов зимни боздидаш бо хабарнигори Tajikistantimes.tj хабар дода, афзуд, ки дар баробари Баҳор Камаров ҳамчунин ба ӯ Дилором Нусратуллоева, сардори шӯъбаи футболи занони Федератсия Футболи ҶТ ва як донишҷуйи тоҷик аз Амрико кӯмаки пули расонидаанд.
Баҳор Камаров зимни сӯҳбат бо Tajikistantimes.tj гуфт, ки « Ташкилоти ҷамъиятии «Некӯкорӣ», ки ҳамин сол ба кори хеш шурӯъ намудааст, ҳадафи аслияш кӯмак ба оилаҳои камбизоат, хусусан ба фарзандони маъюб аз оилаҳои камбизоат мебошад. Айни замон дар қайди ташкилоти мо зиёда аз 40 оила мебошад, ки бо даст додани имконият ба онҳо сару либос ва хӯрока мехарем».
Ҷаноби Камаров дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки ташкилоташон фонд набуда, балки дар асоси ёрдами ихтиёриён ба дармондагон кӯмак мекунад:
«Баъзеҳо ташкилоти моро ба ҳайси фонд қабул карда, бар он ақида мустаҳкаманд, ки мо мисли фонд дар хазинаамон пули калон дорем. Аммо дар асл ин тавр нест. Ташкилоти мо фонд нест. Мо на ҳамеша дар хазинаамон пул дорем, ки ба таври кофӣ ба эҳтиёҷмандон кӯмак намоем. Мисол барои кӯмак ба Муродбек моро зарур омада буд, ки ба чан шариконамон занг зада, ин маблағро ҷамъоварӣ намоем. Мардум гумон мекунанд, ки барои мо ёфтан пул хеле осон буда, ақалан мисли дарё ҳам набошад, мисли чакраи борон аз новдон қатра- қарда дар «сатил»- и хазинаи мо ҷамъ мешавад. Вале ин хел нест. Мо барои кӯмак ба як олиа чӣ қадар заҳмат мекашем, ба чанд кас занг мезанем, пеши чанд нафар сар хам мекунем, ки аз маблағи зиёдатияшон ба мо кӯмак кунанд».
Баҳор Камаров дар охир бо ошуфтаҳолӣ гуфт, ки « Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир шумораи эҳтиёҷмандони ба мо муроҷиатмекарда хеле зиёд аст. ҳар рӯз як нафар муроҷиат мекунад, мо маҷбур ҳастем, ки ба эшон ҷавоби рад диҳем. Зеро агар онҳоро ба умед намоем, эшонро лозим аст, ки моҳҳо ва ҳатто солҳо мунтазир шаванд, ки кай маблағи зарурӣ ҷамъ мешавад.
Ман хеле мутаассифам, аз он ки шумораи хайрхоҳони ихтиёрӣ ангуштшумор аст, он ҳам бошад, танҳо дар сомонаи «Фейсбук». Ҳамон сомонае ,ки дар ҳудуди ҷумҳури ғайрифаъол аст. На ҳар кас дастрасӣ ба ин сомонаро дорад. Бароям хеле ноҳинҷор аст, аммо ман аз ҳамаи онҳое, ки пули зиёдатӣ доранд, ё ягон кори хайре аз дасташон меояд, даъват мекунам, ки шарики «Некӯкорӣ» шуда, дасти дармондагону ниёзмандонро гиранд. Некӣ кардан вақту соат надорад, ту метавонӣ, ки ҳар вақт некӣ кунӣ, аммо чӣ тавр онро мекунӣ, ин аст, шарти некӯкорӣ ва калиди дари ҷаннат. Некию хайру сахо ҳамеша барои одам зарур аст. Чун Худованд бандаашро на барои он боигарии бар зиёд медиҳад, ки ӯ кайфу сафо карда гардад, балки барои он ки оё он бандааш барои шукргузорӣ ба неъмати Ӯ хайр мекунад ё на».
Ёдовар мешавем, ки аксияи ҷамъоварии кӯмак ба Муродбек Юлдошев дар сомонаи Tajikistantimes.tj то ҳанӯз идома дошта, хоҳишмандоне, ки ба ин ҷавони 15- солаи бесарпарасту сарпаноҳ кӯмак кардан мехоҳанд, метавонанд, ки лавозимоти хайр мекардаашонро аз қабили сару либос пойпафзолу лавозимоти мактабӣ ё кӯмакӣ пулӣ ба идори сомонаи мо: шаҳри Душанбе, Кучаи Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 11 медиахолдинги «Оила» оварда супоранд.
P.S Агар касоне, ки шубҳа бар он доранд, ки лавозимоташон ба Муродбек намерасад, метавонанд, ки аз тарафи худ намояндаеро фиристанд ва мо дар шоҳидии ӯ кӯмакҳои шуморо ба Муродбек мерасонем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ