Раиси суд бо ришва ба даст афтод

Хуршед Ализода, раиси  Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз сӯи кормандони Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шудааст. Як манбаи огоҳ аз қазия гуфтааст, ки  Хуршед Ализода ҳангоми гирифтан ва додани ришват ба миқдори 50 ҳазор доллар боздошт шуда, Суди олӣ алакай барои ҳабси пешакии ӯ иҷоза додааст. Ба иттилои манбаъ, боздошти раиси Суди  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи ронандааш Баҳодур охири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.

Хуршед Ализода моҳи майи соли гузашта аз вазифаи раиси Суди  ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси ДСуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.