Вохӯрии Пешвои миллат бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Гян Ачария

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачарияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунуни ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони Милали Муттаҳидро барои мусоидат ва ҳамдигарфаҳмию густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор арзишманд арзёбӣ карда аз сатҳи ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои махсусгардонидашуда, дафтарҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қанатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои 2010-2015 дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон бо ниҳодҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ тақрибан 100 лоиҳа амалӣ гардидааст.

Дар мулоқот ҳамчуни масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардумони сайёра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо изҳори таассуф қайд карда шуд, ки буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли солҳои охир ба саъю талошҳои кишварҳо дар таъмини маблағгузории соҳаи об халал ворид намуда садди роҳи пешрафту тараққиёт гардидааст. Дар иртибот ба ин, таъсис додани бунёдҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, инчунин роҳандозии дигар ташаббусҳои наву созанда доир ба маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад дар ҳалли ин масъалаҳо иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.