Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳукумат акнун метавонад замини додаашро бозпас гирад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти пешниҳодкардаи Ҳукумат ба Кодекси замини ҷумҳуриро пазируфт, ки бар асоси он Ҳукумат салоҳияти ҷадид гирифт.
Азизмамад Каримзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, зимни шарҳи тағйирот ба Кодекс гуфт, додани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумат амалӣ мешавад.
Дар ҳолати ҷудо намудани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин” қабул мешавад, гуфт ноиби раиси Кумитаи идораи замин. Чунин қарорҳо зери имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумат нашр мегарданд.
“Ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки қитъаи замини додашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи таъинот ва ё мақсади ҷудо кардашудаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон истифода намегардад. Дар ин ҳолат зарурати беэътибор донистани қарор пайдо мешавад”, – изҳор дошт Каримзода.
Гарчанде қонунгузор додани қитъаи заминро ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда бошад, ҳам қатъи ҳуқуқ ва бекор намудани карорҳои ин мақомро муқаррар накардааст, навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Каримзода.

Манбаъ афзуд, ки бо назардошти ин ҳолатҳо ба моддаи 5 Кодекси замини Тоҷикстон бандҳои “б”, “в” ва “г” илова карда мешаванд, ки ба Ҳукумат салоҳиятҳои зерин медиҳанд:
б) беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;
в) ҳар сол тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ;
г) тасдиқ намудани натиҷаи баҳисобгирии давлатии масоҳати замин дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасии лоиҳа, тағйиру иловаҳо ба Кодекси заминро ҷонибдорӣ ва тасвиб кард.
спутник

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.