Ҳушдори КҲФ: Хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳамоно дар роҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Лахш, Кӯлоб — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст.
Бино ба иттилои манбаъ, 16-уми январи соли 2022 дар километрҳои 62500, 64500, 65500, 66, 68, 69, 70, 72, 73 ва 74 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз қаламрави Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.
Барои интиқоли одамон аз макони хавфнок ба ҷойҳои амн гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ба он ҷонишини якуми раиси КҲФ полковник Ҳотамшо Латифзода сарварӣ мекунад. Шабонарӯзи гузашта кормандони наҷоти КҲФ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва хадамоти роҳи ширкати IRS 20 ронанда ва мусофирони мошинҳои дар миёни тарма мондаро дар роҳи Душанбе-Варзоб ба макони бехавфу хатар интиқол додаанд.
— Айни замон корҳо барои бартараф намудани паёмадҳои тарма ва резиши барф идома дорад. Роҳи Душанбе — Хуҷанд муваққатан баста аст. Ҳамчунин, дар ҷойҳои лағзиши тарма барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи IRS постгоҳҳо ташкил карда шудаанд. Барои тозакунии роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, хадамоти роҳи IRS ва наҷотдиҳандагони КҲФ ҷалб шудаанд. Бар асари резиши барфу лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст,- меафзояд манбаъ.
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар, бориши борону барф дар минтақаҳои мухталифи кишвар то 20-уми январ идома хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ