Ноболиғонро иҷозаи бозӣ доду панҷ шабонарӯз ҳабс шуд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз дастгиру ҳабс кардани маъмури яке аз интернет-кафеҳо дар пойтахт хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ кормандони мақомоти милитсия ҳамеша рейду амалиётҳои пешгирикунандаро доир менамоянд ва дар натиҷаи яке аз онҳо ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерӣ ҳастанд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки дар маркази компютерии мазкур шаҳрванд Аҳтами Рустам, санаи таваллудаш 10.01.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ҳамчун маъмур (администратор) фаъолият намуда, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагии мақомот ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон, махсусан дар вақти дарсӣ, боз ба хотири ба даст овардани даромад ноболиғонро роҳ додааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Аҳтами Рустам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *