Зарари бетартибиҳо дар Алмаато 260 миллион доллар ҳисоб карда шуд (аудио)

Маблағи муқаддамотии зарарҳо аз бетартибиҳо дар Алмаато 260 миллион доллар (112,6 миллиард тенге) арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилои “Интерфакс”, дар ин бора дар ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба барқарорсозии таъминоти ҳаёт муовини раиси шаҳри Алмаато Илёс Усеров хабар додааст.

«Дар Алмаато аз ҳама бештар мағозаҳои ғайриозуқа қариб 21 миллиард тенге, мағозаҳои хӯрокворӣ 5,7 миллиард тенге, мағозаҳои аслиҳа 6,4 миллиард тенге, ломбардҳо 2,9 миллиард, муассисаҳои хӯрокворӣ 1,8 миллиард тенге зарар дидаанд»,- гуфтааст ӯ.

Усеров тавзеҳ додааст, ки хисорот ба филиалҳои бонкҳо ва банкоматҳо тахминан 700 миллион тенге арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳо дар Қазоқистон пас аз соли нав ба далели боло рафтани қимати гази моеъ оғоз шуданд. Дар натиҷа, дар ҳудуди мамлакат ҳолати изтирорӣ эълон гардид ва ҳукумат ба истеъфо рафт. Президент Қосим-Жомарт Тоқаев барои кумак ба шарикони СПАД муроҷиат кард. Ба ин кишвар қувваҳои сулҳпарвар фиристода шуданд, ки ҳоло, бо ором шудани вазъият аз Қазоқистон баргашта истодаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.