105 миллионакак қарзро баргардонду афв шуд

Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардонов моҳи марти соли ҷорӣ мавриди афв қарор гирифт.

Бародари раиси пешини «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардонов дар Тоҷикистон ба ғасби маблағи калони бонки мазкур муттаҳам дониста мешуд.
Аммо, намояндагони оҷонсии мазкур рӯзи 28 июл дар нишасти матбуотӣ қайд намуданд, ки Парда Алимардонов аллакай 105 миллион сомониро ба давлат баргардонд ва аз ин рӯ нисбати ӯ афв татбиқ карда шуд.

Доир ба аз ҷавобгарӣ раҳо шудани Алимардонов ба хабарнигорон Фахриддин Акрамзода масъули Оҷонсии зидди фасод хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, се корманди гурӯҳи ширкатҳои «Баракат», вобаста ба Парда Алимардонов, ки дар тасарруфи даҳҳо миллион сомонӣ муттаҳамп дониста мешавад, ҳамоно дар ҷустуҷӯ мебошанд.

«Ба маълумоти расида, фирориён феълан дар Федератсияи Русия қарор доранд», — таъкид намуд Акрамзода.

Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Парда Алимардон ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.
Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд.

Оҷонсӣ гуфт, зарарҳои расонида қисман барқарор шуда, дар сурати пурра барқарор шудан нисбати боздоштшуда санади авф татбиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *