2500 сомонӣ ёфт нашуд: нахустнамоиши “Дарахти дӯстӣ” баргузор намегардад

То чанд дақиқа пеш қарор буд, ки имрӯз соати 18:00 нахустнамоиши филми мустанади “Дарахти дӯстӣ” дар кинотеатри “Зебуниссо” сурат бигирад, вале ба навиштаи коргардони филм Дилошӯб Орифзода филм намоиш дода намешавад.

Дилошӯб Орифзода дар саҳифаи фейсбукияш аз тамоми шахсоне, ки ин бегоҳ ба нахустнамоиши филми “Дарахти дӯстӣ” рафтанӣ буданд узр пурсида чунин навиштааст: “Аз ҳама дӯстоне, ки нақша доштанд ин бегоҳ барои тамошои филми мустанади «Дарахти дӯстӣ» бираванд, хоҳиш карда мешавад, ки ташриф наоранд. Зеро филми мазкур ин бегоҳ намоиш дода намешавад. Сабаб дар он аст, ки аз қайди давлатӣ нагузаштааст. Яъне ҳар филме, ки истеҳсол мешавад, бояд бо харҷӣ 2500 сомонӣ аз регистр гузарад. Аз ин рӯ маблағи зарурӣ пайдо карда нашуд ва намоиши филм ба вақти номаълум ба таъхир гузошта шуд. Аз ҳама азизон пӯзиш металабам”.

Ёдовар мешавем, ки “Дарахти дӯстӣ” филми мустанади тоҷикӣ, ки аз зиндагии ду хонаводаи одии тоҷику қирғиз қисса мекунад, ахиран дар пасманзари ҳаводиси даргириҳои мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон намоиш дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *