Академик , яке аз бунёдгузорони мактаби демографии даргузашт

Субҳи имрӯз узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ директори Институти демографияи АМИТ, Саъдуло Ибодович Исломов бар асари гирифторӣ аз пандемияи нав COVID-19 аз олам даргузашт.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба пайвандон ва ошноёни маҳрум номаи тасаллият изҳор карда, ҷиҳати рухдоди мазкур ба онҳо сабри ҷамил таманно дорад.
Саъдулло Исломов — доктори илмҳои иқтисодӣ (1990), профессор (1992).
Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997),
Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998).
Саъдулло Исломов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1966),
ихтисос — «иқтисодиёт».
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ:
иқтисодиёт, демография, сотсиология.
Мудири шӯъбаи Институти илмию таҳқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон (1972—1974),
мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1991—1998).
Мудир, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (1994—2013).
Директори Маркази омӯзиши аҳолӣ (1998—2000),
мудири Шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон (2000—2002), директор — ташкилкунанда (2002),
директори Институти демографияи Академияи илмҳои ҶТ (2002—2010).
Муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ. (2011).
Саъдулло Исломов масъалаҳои демографиро баррасӣ намуда, яке аз бунёдгузорони мактаби демографии кишвар маҳсуб мешаванд.
Ҷаноза имрӯз 14.07.2021 соати 12 00

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *