Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Алина -донишҷӯи 12 сола

Духтараки 12-сола аз штати Аризонаи Амрико мактабро пеш аз муҳлат хатм намуда, ба донишгоҳ дохил мешавад ва ният дорад, ки минбаъд дар НАСА кор карда, ба таҳқиқи кайҳон машғул шавад. Алина дар синни 12-солагӣ, ба туфайли таҳсили хонагӣ тамоми барномаи таълимии мактаби миёнаро ба итмом расонд. Соли 2021, вай таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Аризона оғоз мекунад. Духтар нақша дорад, ки дар соҳаи астрономия ва илмҳои сайёра ва химия маълумот гирад. Дар синни 16-солагӣ Викер ният дорад, ки дар НАСА ба кор дарояд ва барои таҳқиқоти кайҳонӣ таҷҳизот созад. Пештар хабар дода шуда буд, ки вундеркинде аз шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон Андра Прадеш дар синни 14-солагӣ донишогоҳро хатм кардааст. Вай ҳоло бакалавр дар соҳаи коммуникатсия мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.