Амрико чаро Толибонро бомбаборон кард? Ва ё ӯ дарк кард, ки хатари Толибон то куҷост?

Тибқи гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, ҳавопаймоҳои амрикоии B-52 ба маконҳои Толибон дар шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, ҳамла кардаанд. Муовини сухангӯйи Вазорати мудофиаи Афғонистон дар Твиттер навиштааст, ҳамла шоми 7-уми август сурат гирифт ва «Толибон талафоти сангин доданд».

Ба қавли ӯ, «дар натиҷаи бомбаборони ҷангандаҳои амрикоӣ миқдори зиёде аз силоҳу муҳиммоти Толибон, аз ҷумла васоили нақлияи онҳо вайрон шуд.» То кунун Толибон дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Аз ин пеш як манбаи Пентагон ё Вазорати мудофиаи Амрико ба рӯзномаи «Таймз» гуфта буд, ки президент Ҷо Байден ба ҳавопаймоҳои B-52 ва «Спектр» дастур додааст, макони ҷангҷӯёни Толибонро нишон бигиранд.
Иёлоти Муттаҳида тасарруфи шаҳрҳо аз сӯйи Толибон ва ҳамлаҳои хушунатомези ин гуруҳи ҷангҷӯро дар Афғонистон маҳкум кардааст. Сафорати Амрико дар Кобул 7-уми август дар эъломияе бо ишора ба ҳамлаҳои ахири Толибон бар шаҳри Заранҷ – маркази Нимрӯз ва Шибирғон – маркази Ҷузҷон гуфтааст, “ин иқдом ба манзури таҳмили иҷбории ҳокимияташон пазируфтанӣ нест”.

Дар изҳороти сафорати Амрико дар Кобул аз Толибон хоста шудааст, бо оташбаси доимӣ ва ҳамаҷониба мувофиқат кунанд ва дар музокироти сулҳ ба таври пурра иштирок намоянд, то ранҷи мардуми Афғонистон хотима ёбад.
Дар ҳамин ҳол, Абдулқодир Молия, муовини волии Ҷузҷон, дар суҳбат бо хабаргузории “Франсс Пресс” тасарруфи шаҳри Шибирғон, маркази ин вилоятро аз тарафи Толибон тасдиқ кардааст.

Мирвайс Станакзай, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Афғонистон, гуфтааст, Толибон дар баъзе аз гӯшаҳои Шибирғон пешравӣ карданд, “аммо шаҳр ба зудӣ аз вуҷуди ҷангҷӯён пок карда хоҳад шуд”.
Ҳироту Қандаҳор, Лашкаргоҳ, Файзобод, Толиқон, Заранҷ ва Шибирғон шаҳрҳое ҳастанд, ки Толибон ба хотири тасарруфи онҳо ҳамлаҳои густардаро оғоз кардаанд. Аммо ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибон қодир ба нигаҳдорӣ ва контроли ҳеч минтақае нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *