Амрико дар Тоҷикистон база месозад?

Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) таҳти раҳбарии Русия аст

Рӯзномаи “Уол Стрит Жорнел” навиштааст,ки шояд Иёлоти Муттаҳида пас аз хориҷ шудан аз Афғонистон, нерӯҳо ва таҷҳизоти худро дар Ӯзбекистон ё Тоҷикистон мустақар кунад.
“Албатта ҳузури низомии Русия ва афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барномаҳоро барои ҳаргуна истиқрори нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ печида мекунад”, — таъкид шудааст дар мақола сари ин мавзӯъ.
Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистони ҳафтаи гузашта ба ду кишвари Тоҷикистону Ӯзбекистон сафар кард.
Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) таҳти раҳбарии Русия аст ва Ӯзбекистон агарчи узвияти худро дар ин иттиҳод дар соли 2012 таваққуф дод, бо ин вуҷуд ҳамчунон равобити иқтисодӣ ва амниятии қавӣ бо Маскав дорад.
Тибқи тавофуқномаи сулҳи миёни Толибону Амрико, давлати Иёлоти Муттаҳида мутааҳҳид шуд, то аввали моҳи май тамоми нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад.
Аммо Байден замони хуруҷи тамоми нерӯҳои Амрикоиро то 11 сентябр ба таъхир андохт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *