Аробакаши 73 сола дар Сӯфиён зери мошин монд

Тавре ВКД хабар медиҳад, 23-юми апрели соли 2021, тахминан соати 10:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Лабо», Солиҳов Парвиз Ашурбоевич, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти Ҳалифа Ҳасани шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаи Холмуродов Нормурод, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасанро, ки бо роҳи асосӣ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Холмуродов Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *