Ашраф Ғанӣ мардумро мусаллаҳ мекунад

Дар Афғонистон хезишҳои мардумӣ фавран мусаллаҳ карда мешаванд. Ин тасмим дар мулоқоти раҳбарони сиёсии ҷумҳурӣ бо президент Ашраф Ғанӣ гирифта шудааст.
«Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки барои дастгирии хадамоти амниятӣ,хезишҳои мардумиро саривақт мусаллаҳ созанд», — қайд кардаанд аз маъмурияти Ғанӣ.
Ин чора аз ҷониби мақомоти кишвар дар пасманзари ҳамлаи аъзоёни ҷунбиши радикалии Толибон* гирифта шудааст.
Қаблан маълум шуд, ки ҷангҷӯён ба Мазори Шариф ҳамла кардаанд. Шаҳр маркази маъмурии вилояти Балх ва бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар шимоли ҷумҳурӣ мебошад.
Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феълан дар наздикии Мазори Шариф задухӯрдҳои шадид идома доранд.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон(дар Тоҷикистон мамнӯъ) Забеҳулло Муҷоҳид, вазъ дар Афғонистон аз назорати ҳукумат берун аст.
«Нерӯҳои мо бо суръати мӯътадил пеш мераванд ва Мазори Шариф ба зудӣ суқут мекунад. Мо инчунин мекӯшем оромона ба дигар шаҳрҳои боқимонда ҳаракат кунем», — гуфтааст ӯ дар суҳбат бо РИА Новости.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *