«Атлетико» футболбози «Арсенал»-ро хариданист

Роҳбарияти «Атлетико» бо «туфангдорон» дар мавриди ба иҷора гирифтани футболбози 24-сола гуфтушунид дорад. Дар ин бора рузноманигор – Фабрисио Романо хабар медиҳад.

Эҳтимол аст, ки нимҳимоятгари «Арсенал» Лукас Торрейра метавонад дар Ла Лига фаъолияташро идома диҳад.

Худи Торрейра нақша дорад, ки “Арсенал” -ро тарк кунад.

«Арсенал» мехоҳад, ки уругвайиро фавран бифурӯшад, то ки барои хариди нимҳимоятгари нимҳимоятгари «Лион» Уссем Ауар маблағ ба даст орад.

Хотиррасон мешавем, ки дар мавсими гузашта, Лукас Торрейра дар тамоми мусобиқаҳо 29 маротиба бо пироҳанҳои «Арсенал» ба майдон ворид гардида, як гол ва як партофти головарро ба номаш сабт намуд.

Назари Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *