Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ба Каримҷон русҳо “Қалби оташин” доданд

Каримҷон Вализода, як хонандаи мактаби миёна аз Тоҷикистонро бо нишони сарисинагии «Горячее сердце» («Қалби оташин»)-и Бунёди ташаббусҳои иҷтимоиву фарҳангии Русия қадрдонӣ кардаанд. Маросими супурдани ин ҷоиза рӯзи 24 декабр дар Маркази илму фарҳанги агентии «Россотрудничество» дар Душанбе доир шудааст.
Каримҷон Вализода рӯзи 11 августи соли 2019, дар рӯзе ки дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешуд, ду хоҳари хурдсол – Мавзунаи 8-сола ва Фотимаи 6-соларо аз ғарқшавӣ дар дарёи Вахш наҷот дод. Мавзуна ва Фотима, сокинони деҳаи Занҷирободи ноҳияи Вахш, он рӯз барои идгардак ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Онҳо ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ дарёро тавассути лӯлаи обе, ки аксари сокинон барои убур аз дарё аз он истифода мешаванд, убур карданӣ шудаанд, вале дар байни лӯла мувозинатро гум карда, ҳарду ба об афтиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.