Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ба зери пойи зан Модар, Кунад таъзим Пайғамбар

Зулфия Атоӣ

Исёни зан

Зане бархост,

Зане бархост исёнгар,

Парешонмӯ, парешонхӯ,

парипайкар.

Нигоҳаш шӯълаи сӯзон,

Вуҷудаш қатраи ларзон,

Зи худ бе худ,

Ҷунун дар синаю дар сар,

Ба ҳукми додхоҳӣ рӯ ба

 даргоҳи Худо овард,

Барои ҳаққи худ рӯ бар

само овард:

Худоё!

Аз гуноҳи бандаат бигзар!

Хатояшро бар ӯ бахшой,

Агар гӯяд яке ҳазён,

Сари баҳс аст ӯро бо ту ҳамчун

тифлаки худрой.

Худовандо!

Бигӯ бар ман,

Агар яксон бувад баҳри ту

марду зан,

Чаро пайғамбарони ту

Буданд аз зоти мард, аммо

Набуд пайғамбаре аз зан?!

Агар аз ҷинси зан

пайғамбаре мебуд,

Ҷаҳон шояд дигар мешуд,

Зи кулли дину мазҳабҳо

Ягона мазҳабе мемонд дар дунё:

Муҳаббат — мазҳаби одам,

Муҳаббат — мазҳаби олам!

Кушода ҷумла розашро,

Бишуд зан лаҳзае хомӯш.

Кашид аз синааш оҳе,

Ту гӯӣ бори сангине фиканд

аз дӯш.

Вале аз осмон, аз даргаҳи Эзид,

Садое, посухе нашнид.

Дар ин ҳангом,

Баногаҳ аз дили ӯ як

садо бархост,

Ту гӯӣ аз замину осмонҳо

ин нидо бархост:

Ту, эй зан,

Тавба гӯ, тавба!

Чӣ мехоҳӣ ту аз ин чархи

 саргардон?

Чӣ мехоҳӣ ту аз Яздон?

Ҳама пайғамбарон тифлони

ту буданд,

Ҳама пайғамбарон парвардаи

домони ту буданд.

Ба хоки пои зан — Модар

Кунад таъзим Пайғамбар!

Фарзона

Бачагӣ

Бачагӣ таъми хуши қанди хурӯсак дорад,

Мӯи чилкокулаш овезаи пӯпак дорад.

Бачагӣ чист, ки аз рахнаи сақфаш хуршед,

Сабз дар сабз наво дораду чак – чак дорад.

Ҷавшанам шеъри сапед аст ба рағми ҳашарот,

Ҳамчу беде, ки ба тан хилъати оҳак дорад.

Пеши дарвоза ситодаст саропо маъсум,

Беди мо пир шуду мӯй ҷамолак дорад.

Гуфтам аз минбари Афранг, ки эй қавми ҷадид,

Бомаки лойии мо лолаарӯсак дорад.

Фаҳшро ишқ шиносад, магасиро пилӣ,

Қавми имрӯз, ки имони мушаббак дорад.

Ба ту, эй асли ҳақиқат, бидиҳад исми риё,

Гар ба хуршедии хуршед касе шак дорад.

Берун аз мадрасаву дарси суруд аст, аммо

Дили тифлонаи ман боз чакомак дорад.

Шоҳона Одиназода

Модар

Бо чеҳраи пуркидаву бо дидаи чор,

Ту такя ба ҷои ман занӣ бар девор.

Бо пираҳани сафед монандаи ҳур,

Арзат ба Худо бариву армон ба мазор.

 Модар ту куҷоӣ?

 Эй розӣ худой.

То Поктаъоло шунавад рози туро,

Бо лутф пазирад ду кафи бози туро.

Дар шахсияти Шаҳи ту созад бонӣ,

«Он сарвқади хушгапу хушнози туро».

Тоқии чакан васияти модари ман,

Чун панҷаи гулнигори ў ба сари ман.

Дар анҷуману саҳнаи дунё рахшон

Чун тоҷи сару нишонаи кишвари ман.

Дар пичаву докаи сафедат ҷонам,

Дар ларзиши дасти барги бедат ҷонам.

Маъвои Худои ломакон дар дили туст,

Дар қалби накўи пурумедат ҷонам.

Шаҳрия

Инқилоби ишқ

Сабақ бигрифтаам аз мактаби гул,

Ки дорам дар дилам тобутаби гул.

Чу гул рамзи баҳор асту муҳаббат,

Ҳамеша зистам дар қолаби гул.

Баҳор омад гулафшон бар дари ман,

Фариштачеҳрае чун модари ман.

Ба лабханди нафису тоза бинҳод,

Ду дасти меҳри худро бар сари ман.

Гули пироҳани Наврӯз сабз аст,

Зи сар то по тани Наврӯз сабз аст.

Зи мавҷи хандаи дилҳои ошиқ,

Замини Меҳани Наврӯз сабз аст.

Ба гулдони дилам дигар гуле нест,

Фиғону нолаҳои булбуле нест.

Ба гесӯи парешон кардам одат,

Дигар Шаҳрияи чилкокуле нест.

Зи дунё ман гулоби ишқ хоҳам,

Ба сар ман офтоби ишқ хоҳам.

Зи байни инқилоботи замона,

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.