Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Барои Шералӣ Абулқайсов дуо кунед: ҳунарманд дар шӯъбаи эҳё бистарист!

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов дар Бемористони Қаряи Боло (корпуси 6) бистарӣ шуда, феълан дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Дар мавриди бемории ҳунарманд актёр Некқадам Шоҳназаров ва журналист Далери Имомалӣ хабар доданд.

“Дӯстон барои Шералӣ Абулқайсов дуо кунем. Айни ҳол дар беморхонаи Қаряи Боло дар реаниматсия қарор доранд. Худоҷон шифои комилу оҷил диҳад” * навиштааст, Некқадам Шоҳназаров.
Далери Имомалӣ хабар дод, ки ҳунарманд дар корпуси шашум, дар шӯъбаи эҳё аст ва табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд.

Зиндагиномаи Шералӣ Абулқайсов:
Шералӣ Абулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ тавваллуд шудааст. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи № 8 қишлоқи Дерзуд ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко ба факултаи санъат ба шӯъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо мувафақкият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то имрӯз дар сари кори эҷодист
Аз соли 1996 Омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, аз соли 2009 вазифаи дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёриро ба ӯҳда дорад. Шогирдонаш дар кумитаи Давлатии телевизион ва радиои ҶТ, театри Лоҳутӣ, Аҳорун кор карда истодаанд. Дар матбуот гоҳ-гоҳ мақолаҳои мубоҳисавӣ — тадқиқотиаш ҷоп мешаванд, аз қабили: «Ба оянда тӯр меандозем», «Чеҳраи боофарин», «Зинаҳои камолот», «Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард», «Талоши ҳастӣ» «Ҷавҳари ранги обӣ» ва ғайра.
Соли 2007 дар ҳамкорӣ бо иттифоқи варзишгарон ва актёрони Тоҷикистон бо кумаки ташкилоти «НОРЕ» ва бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушд, UNTOP, бо нияти мубориза бар зидди бемории сил ва ВИЧ/СПИД аз рӯйи асарҳои Н.Абдухамедов ва А.Қодирова «Будан ё набудан», «Зиндагӣ ҷовидона нест», «Хаёти дубора» намоишҳо таҳия кардааст. Соли 2008 бо кумаки аташе оид ба фарҳанги сафорати Фаронса ва мадади ташкилоти МОМ аз рӯйи асари С.Айюбӣ «Муҳоҷират» ва асари А. Ш. ва А.Фарзона «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст» намоишҳо таҳия кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.