Беҳин коре, ки андар зиндагонист…

Дар ҳошияи яксолагии фаъолияти Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

Мо тасмим гирифтаем, ки дар бораи корномаи зиндагӣ ва кору фаъолияти марди фозилу хирадманд ва ватанпарвару миллатдӯст чанд андешаи худро тибқи мушоҳидаҳоямон иброз намоем.

Бале, изҳори чанд сухан роҷеъ ба чунин нафароне, ки шиори зиндагию рӯзгорашон ва кӯшишу талошашон баҳри ободию рушду такомули меҳани азизамон равона гардидааст, омӯзанда ва боиси ибрату пайравист. Тавре Ҳаким Аттори Нишопурӣ гуфтааст:

Кори олам ибрат асту ҳайрат аст,
Ҳайрат андар ҳайрат андар ҳайрат аст
”.

Оре, ҳама кори дунё барои инсони комил боиси ибрат аст, гарчанде гоҳо чунин ба назар мерасад, ки баъзе ҳодисаҳо тасодуфианд. Аммо ин тавр нест, ҳар як воқеаву ҳодисае, ки дар зиндагӣ ба амал меояд, қонунияти худро дорад.

Ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ӯ дар дили худ орзуи ширинеро мепарварид, ки вобаста ба омӯзишу парвариш ва хондану олим шудан буд. Дар дили кӯчаки наврасиаш ин андеша макону маъво гирифта буд. Вай аз он замон дарк карда буд, ки танҳо ва танҳо дар натиҷаи кӯшиши пайгирона ва омӯзиши пайваста метавон ба ҳадафу мақсаде ноил гардид.

Вақте аз фанни адабиёт мавзӯи зиндагию осори Мирзо Абдулқодири Бедилро мегузаштанд, рубоии машҳури Абулмаонӣ таҳти назараш афтод, ки чунин аст:

Дар таҷрибагоҳи олами сулҳу набард,
Инсон ҳалли кадом мушкил, ки накард.
Ҷаҳди одам бар он наёмад, в-арна,
Гардунро низ бар Замин меовард
”.

Ин рубоӣ дар дили Асрорзода Убайдулло Саттор як туғёну талотумеро ба вуҷуд овард, ӯ ба худ андешид, ки зиндагӣ пур аз тазоду зиддиятҳо мебошад ва танҳо он нафаре муваффақ мегардад, ки пайгиронаву суботкорона ва пайваставу бефосила ба сӯи қуллаи мурод раҳсипор бошад, аз душворию монеаҳо наҳаросад ва ба дастовардҳои муяссаргардида қаноатманд нашавад. Он замон дар тафаккури ӯ андешае чарх мезад, ки худи ӯро дар ҳайрат гузошт. Ин фикр он буд, ки инсон дар доираи тахайюли худ маҳдуд аст ва бояд инсони ҷӯё ҳар як монеаро ба имконият мубаддал созад. Танҳо дар ҳамин сурат ӯ метавонад ба ҳадафи дар пеш гузоштаи худ бирасад.

Солҳои мактабхонӣ паси сар шуданд. Дар пеш имтиҳони ҷиддитари ҳаёт – дохил шудану таҳсил дар мактаби олӣ қарор гирифта буд. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ соли 2003 ба факултаи баҳисобгирии иқтисодии ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Солҳои донишҷӯӣ барои ҳар як инсон беҳтарин давраи зиндагӣ ба шумор меравад. Калимаи донишҷӯ, дар ҳақиқат ҳам, маънии бисёр васеъ дорад. Аммо кор танҳо бо як ҷустани дониш ба охир намерасад. Ба ғайр аз љустани дониш муҳимтар он аст, ки донишро бияндӯзӣ ва онро аз худ намоӣ. Ва аз ин ҳам муҳимтар он аст, ки дониши андӯхтаро дар амал татбиқ созӣ. Тавре Шайх Саъдӣ гуфтааст:

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд.
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст, ё дафтар
”.

Заҳмату кӯшишҳои пайваста самараи худро ба бор оварданд. Ҳанӯз аз давраи аввали фаъолият дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон ӯ худро ҳамчун устоди варзида нишон дод. Роҳбарият ва ҳайати устодон ба ӯ бо чашми эътимод нигоҳ мекарданд ва итминон доштанд, ки вай аз уҳдаи вазифаҳои худ ва супоришҳои додашуда сарбаландона мебарояд ва дар иҷрои ҳамаи корҳо масъулият ҳис менамояд. Тавре мегӯянд:

Аз уҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳарчи гумон барӣ, фузун ояд мар
д”.

Сипас Асрорзода Убайдулло Саттор ба ҳайси коршиноси қарзии шуъбаи амалиётии Бонки рушди Тоҷикистон, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, ҷонишини декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, декани факултети таҳсилоти ғоибона, декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муовини сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ кору фаъолият намудааст. Аз мушоҳидаи корномаи зиндагии ин марди наҷиб ба назар мерасад, ки ӯ ҳамеша дар рушду такомул ва пешравию ҷустуҷӯ қарор дорад.

Як нуктаро махсус метавон таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати ҷавонон меҳрубонию ғамхорӣ зоҳир менамояд ва онҳоро ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ месозад, зеро ба гуфтаи Мавлоно Ҷомӣ:

“Дар ҷавонӣ сайъ кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст”.

Ниҳоят он лаҳзаи ҳассос ба вуқӯъ пайваст: бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Асрорзода Убайдулло Саттор ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъин гардид. Акнун ӯро танҳо як андеша ба таври доимӣ машғул медошт: чӣ гуна чунин боварии олиро сазовор шавад, чӣ бояд кард, ки ба саҳву хато роҳ надиҳад, бо ҳамкорон муносибатро чӣ хел роҳандозӣ намояд? Охир ӯ ҳамагӣ 33-сола аст. Аммо гап сари синну сол ҳам нест, зеро Шайх Саъдӣ фармудааст: “Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол; тавонгарӣ ба ҳиммат аст, на ба мол”.

Акнун ӯро мебоист мувофиқи чунин боварии бузург фаъолияти меҳнатии худро густурда намояд ва бо заҳмату кӯшиши шоиставу поквиҷдонона ба нафъи халқу Ватан беҳтару бештар ва содиқонаву софдилона хизмат намояд.
Зеро бузургон гуфтаанд:

Боду абру маҳу хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат нахурӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набар
ӣ”.

Заҳматҳои самимонаву пайгиронаи Асрорзода Убайдулло Саттор самараи худро ба бор оварданд ва аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар ба таври сазовор қадр гардиданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ соли 2013 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2019 бо медали “Хизмати шоиста” ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки ректори ҷавон аз рӯзҳои аввали фаъолият ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии кормандону ҳайати омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд, аз љумла дар самти ҳавасмандгардонии моддиву маънавии онҳо саъю талош меварзид. Дар ин ҷода яке аз иқдомҳои мушаххас он буд, ки шахсони сазоворро ба мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ ва соҳавӣ пешниҳод менамуд, ба нафарони эҳтиёҷманд кумакҳои молиявӣ мерасонид. Ва умуман бо дасту забон кӯшиш менамояд, ки ҳайати кормандону омӯзгоронро дастгирӣ намояд.

Ин ҷо мехоҳем як қитъа шеъри Ҳаким Носири Хусравро биёрем, ки бешакку шубҳа метавон гуфт, ки нисбати шахсоне ба мисли Асрорзода Убайдулло Саттор гуфта шудааст:

Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накӯхоҳӣ ба кас роҳатрасонист.
Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,
Накӯхоҳу ба кас роҳатрасон бош.
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор.
Ба корафтода коромӯз мебош,
Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош.
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к-ӯ ҷароҳат кард, бад кард.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.
Ба пирӣ хизмати модар – падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат
.

Дар муддати як соли роҳбарии Асрорзода Убайдулло Саттор ва бо ибтикору кӯшиши ӯ ба сохтмони бинои нави таълимии баландошёнаи дорои чандин синфхонаҳои замонавӣ ва лабораторияҳои ҷиҳозонидашуда шурӯъ карда шуд, ки як қисмати бинои мазкур дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Љумҳурии Тољикистон ва 30-солагии Донишкада ба истифода дода мешавад.

Яке аз дастовардҳои асосии Асрорзода Убайдулло Саттор аз он иборат аст, ки вай ба ҳар як ғаму шодии кормандон шарик мебошад, нисбати мушкилоти онҳо ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир наменамояд. Ӯ медонад, ки:

“Камоли одамӣ дар илм бошад,
Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад
”.

Бо супориши ин роҳбари ҷавону ғамхор ва меҳрубону мушфиқ ба таври ҳамешагӣ ба кормандони пиру барҷомонда ва эҳтиёҷманд кумакпулиҳо дода мешаванд. Шахсони муҳтоҷи табобату муолиҷа бо мусоидату дастгирии бевоситаи роњбари муассиса аз ҳисоби маблаѓњои махсус ба табобат фаро гирифта шуда, ба осоишгоҳу санаторияҳои кишвар фиристода мешаванд. Имрўз дар донишкада тақдими мукофотпулию туњфањои моддию маънавї дар арафаи иду ҷашнвораҳо ба њукми анъана даромадааст.

Бо ташаббуси Асрорзода Убайдулло Саттор ба кормандони техникии камбизоати донишкада додани хӯроки гарми ройгон ташкил карда шудааст.
Дар баробари таваљљӯҳ ба сатҳи иљтимоии кормандони донишкада роҳбари љавони муассиса Асрорзода Убайдулло Саттор ҳамеша дар фикри дастгирии ятимону бепарасторон аст. Ин аст, ки дар ҳар иду љашнвораҳо бо ибтикор ва ташаббуси ин љавони дарёдил ба Мактаб-интернатҳои љумҳуриявӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида мешаванд.

Айни замон дар донишкада як фазои орому осоишта ва барои фаъолияти самараноки устодону кормандон мусоид фароҳам оварда шудааст, ки бо камоли итминон метавон иброз дошт, ки дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии чунин марди фозилу донишманд Асрорзода Убайдулло Саттор ба даст омадааст.

Дар фароварди сухан мо дар корҳои илмию омӯзгории ин марди дарёдил, ки дар кору зиндагӣ пайрави Пешвои муаззами миллат аст ва баҳри обод кардани як пораи Ватан ҷаҳду талош меварзад, барору пешравӣ ва муваффақияту комёбӣ таманно дорем.

Хоркашов И.С., Нодиров Ф.М. –
омӯзгорони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *