Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бозии аввали марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бар нафъи “Реал”

Бошгоҳи “Реал” дар бозии аввали марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо тими  “Аталанта”-ро мағлуб намуд. Хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Атлети Адзурри” баргузор гардида, бо ҳисоби 0:1 ба анҷом расид.

Гуфта мешавад, ки дар дақиқаи 17-ум ниммуҳофизатгари “Аталанта” Ремо Фройлер қоидаи бозиро зидди Ферлан Менди вайрон кард. Довар ба Фройлер корти сурхи мустақим нишон дод.

Дар даққиқаи 86-уми дидор Ферлан Менди берун аз ҷаримагоҳ зарба зад, ки дарвозабони мизбонон Пйерлуиҷи Голлини аз уҳдаи бартараф кардани он набаромад.

Вохӯрии ҷавобии дастаҳо санаи 16-уми март дар шаҳри Мадрид баргузор мегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.